Июн 09, 2019 12:05 Asia/Dushanbe
  • Тими Тоҷикистон дар ҷамъи футзалистҳои Осиё

Мусобиқоти қаҳрамонии футзали зери 20 соли Осиё аз 14 то 22 июн бо ҳузури 12 тим дар 4 гуруҳи 3 тимӣ дар Табриз (шимоли ғарби Эрон) баргузор мешавад.

Ба гузориши ИРНО, мусобиқоти қаҳрамонии футзали зери 20 соли Осиё бо ҳузури тимҳои Эрон, Афғонистон, Гонконг , Тайланд, Лубнон, Қирғизистон, Жопон, Ветнам, Тоҷикистон, Ироқ, Индонезия ва Чин Тайпе баргузор мешавад.

Дар поёни даври муқадамотӣ, тимҳои аввал ва дуввуми ҳар гуруҳ ва 2 тим аз байни тимҳои севвум, ки натиҷаи беҳтаре касб карданд ба марҳилаи ҳазфӣ суъуд мекунанд.

18 июн бозиҳои марҳилаи як чаҳоруми ниҳоӣ, 30 июн бозиҳои марҳилаи ниманиҳоӣ ва 22 июн бозии радабандӣ  ва финали мусобиқот баргузор мешавад.