Июн 10, 2019 09:13 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон набояд барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё шитоб кунад

Намояндаи Шӯрои мудирияти Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё муътақид аст Тоҷикистон набояд барои пайвастан ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаи шитоб кунад.

 Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Станислав Наумов дар ҳошияи нишасти маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Санкпетербурги Русия гуфт ; дар мавриди пазириши аъзои нав набояд ҳамонанди Иттиҳодияи Аврупо шитоб кард; чаро,ки Иттиҳодияи Аврупо бо пазириши кишварҳои зиёде,ки аз назари тавони иқтисодӣ дар сатҳи яксоне қарор надоштанд, дучори дарди сар шуд ва ин мавзуъ акнун ба мушкили ҷиддӣ ва ихтилофҳои шадид миёни кишварҳои пешрафтаи санъатӣ ва заъифи узви Иттиҳодияи Аврупо табдил шудааст.

Аз дидгоҳи Станислав Наумов беҳтар аст Тоҷикистон дар оғоз ба унвони узви нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё фаъолият кунад ва ба тадриҷ ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаи бипайвандад.

Ба ақидаи вай, ҳануз ҳам нигарониҳое дар бораи абъоди мусбат ва манфии пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи  иқтисодии Авру Осиё вуҷуд дорад,ки бояд ба тадриҷ ва бар асоси омӯзиши таҷрибаи дигар кишварҳо бартараф шавад. Яке аз ин нигарониҳо нотавонии рақобати санойеъи Тоҷикистон бо маҳсулоти кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё аст,ки зарфияти арзаи колоҳои рақобатӣ дар бозори муштараки Авру Осиё ро надоранд. Ин мавзуъ муҷиби эҷоди ин тасавур шудааст,ки Тоҷикистон натавонад дар баробари маҳсулоти воридотӣ аз дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авру Осиё рақобат кунад ва бозори тиҷоратии ин кишвар дар ихтиёри содиркунандагон аз ин  Иттиҳодия қарор гирад.

Мақомоти Тоҷикистон таи чор соли ахир дар посух ба дархости Русия ва дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё барои пайвастан ба ин Иттиҳодия мегуянд,ки дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд.