Июн 11, 2019 10:21 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи алайҳи озодии Бузургмеҳр Ёров дар Душанбе

Гуруҳе аз сокинони шаҳри Душанбе бо таҷаммуъ дар муқобили сохтмони дафтарҳои намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид мухолифати худро бо дархости ин ду ниҳод барои озодии Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи зиндонии тоҷик эълом карданд.

Ба нақл аз Ахбор, ин эътироз дар посух ба дархости ахири коргуруҳи вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури боздоштҳои худсарона баргузор шуд, ки бо ғайриқонунӣ хондани боздошт ва маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи саршиноси ҳукуқии Тоҷикистон озодии вай аз зиндонро хостор шудааст.

Дар баёнияи ин коргуруҳ эълом шуда буд далели аслии боздошт ва зиндонӣ шудани Бузургмеҳр Ёров баруҳда гирифтани масъулияти ваколати дифоъ аз ҳуқуқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон буда, ки муғоир бо таъаҳудоти байналмиллалии ин кишвар аст.

Аммо муътаризон дар Душанбе алайҳи озодии Ёров навиштаҳоеро ҳамл мекарданд, ки иддо мешуд Бузургмеҳр Ёров ҷинояткори байналмиллалӣ ва ҷосуси хадамоти амниятии кишварҳои ғарбӣ аст.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентиябри соли 2015 пас аз қабули дифоъ аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуаи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва таъсиси Кумитаи дифоъ дар ин замина боздошт ва таи се ҷаласа додгоҳ дар маҷмуъ ба 28 сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе октиябри соли 2016 вайро бар асоси моддаи 5 Қонуни асосии кишвар даъвати умумӣ барои барандозии ҳукумат, барангехтани кина ва душманӣ даъват ба ифротгароӣ ба 23 сол зиндон бо мусодираи мулк ва амволаш маҳкум кард.

Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа шуд. Дар августи соли 2017 иттиҳом ба таҳқири раиси ҷумҳур, се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров афзуд ва дар маҷмуъ ҳукмаш ба 28 сол зиндон расид.