Боздошти як мақоми ҳукуматии Тоҷикистон
Як мақоми ҳукуматии Тоҷикистон ба иттиҳоми ахзи ришва боздошт шуд.
Ба нақл аз маркази матбуотии Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, як шаҳрванди ин кишвар бо муроҷиа ба Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, иттихози тадобири қонунӣ дар баробари Бобомурод Назаровро хостор шуд.
Бобомурод Назаров мақоми масъул дар идораи ҳукуматии сабти амвол дар шаҳристони Ҳисор воқеъ дар ғарби Тоҷикистон аст.
Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бо пайгирии шикояти ин шаҳрванд, Бобомурод Назаровро ҳангоми дарёфти 5 ҳазор сомонӣ ришва боздошт карданд.
Ин мақоми ҳукуматӣ дар ивази дарёфти маблағ ба ин шаҳрванд ваъда дода буд барои таҳияи асноди манзилаш аз роҳи ғайриқонунӣ кумак кунад.
Ба гузориши рӯзи душанби маркази матбуотии Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон бар алайҳи Бобомурод Назаров ба иттиҳоми ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Ришвахорӣ ва ихтилоси мақомот яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.