Идомаи вокунишҳо ба муносиботи хашини полиси Маскав бо муҳоҷирони гумонбар ба қатл
(last modified Wed, 12 Jun 2019 16:29:28 GMT )
Июн 12, 2019 21:29 Asia/Dushanbe

Муносибати хашин ва тавҳиномези мақомоти рус дар зимни боздошти коргарони муҳоҷири мазнун дар қатли куштигири рус хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехтааст.

Коршиносон низ ин рафтори мақомоти полис ва амниятии русро рӯйкарде муғойир ба қонунҳо медонанд ва наҳваи бархурди мақомоти амниятӣ ва полиси ин кишвар ба коргарони муҳоҷири мазнун дар қатли Сергей Чуевро маҳкум мекунанд.