Июн 13, 2019 09:26 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси сарони СИКА, таҳкими ҳамкорӣ дар ҷиҳати сулҳу амнияти Осиё

Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, Тоҷикистон талош мекунад заминаи мусоид барои ҳамкории иттилоотӣ байни кишварҳои узви СИКА (CICA) дар мубориза бо терроризм, қочоқи инсон ва маводи мухаддир, ҷурмҳо ва ҳамлаи кибериро фароҳам кунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Низомуддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, иҷлоси "Таомул ва эътимодсозии Осиё" (СИКА) дар рӯзҳои 14 ва 15 июн дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури 15 кишвари узв баргузор мешавад ва раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар он ширкат мекунад. Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ниҳоди олии тасмимгирандаи СИКА, иҷлоси сарони он аст, ки ҳар чаҳор сол якбор баргузор мешавад ва то кунун чаҳор иҷлоси сарон дар Алма-Ата, Истунбул ва Шанхай баргузор шуда ва дар ҷараёни баргузории нишасти вазирони умури хориҷа дар иҷлоси умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Йорк раёсати иҷлос ба Тоҷикистон вогузор шуд, ки то соли 2020 идома меёбад.

Зоҳидӣ муҳимтарин иқдоми Тоҷикистон дар мавриди Созмони СИКАро баргузории панҷумин иҷлоси сарон дар шаҳри Душанбе унвон кард ва афзуд, то кунун ҳузури 12 кишвар аз ҷумла Эрон, Қатар, Русия , Қазоқистон ва Чин дар сатҳи сарони кишварҳо қатъӣ шудааст.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфт, Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳо аз ҷумла Эрон дар мавриди мубориза бо терроризм ҳамкорӣ мекунад.

Вай дар бораи таҳримҳо алайҳи Эрон низ гуфт, таҳримҳо аз усули номашру дар муносиботи байналмиллалӣ аст, ки барои зарар задан ба кишварҳои рақиб иҷроӣ мешавад ва асосан ба мардум осиб мерасонад.  

Барчасп