Июн 14, 2019 20:07 Asia/Dushanbe
  • Дархости Раҳмон аз кишварҳои узви СҲШ

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек хостори густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, саноат, энержӣ, кишоварзӣ ва гардишгарӣ шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст бар зарурати иҷроӣ кардани тарҳҳои сармоягузории муштараки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои осонсозии раванди ҳамлу нақл, транзити коло ва маҳсулоту фаъолияти гумрукот шуд. Вай таъкид кард, ки барои таъмини рушди пойдори иқтисодии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бояд мавзӯи таъсиси бонки муштарак, эҷоди сандуқи сармоягузории Созмони Ҳамкории Шанхай ва истифода аз зарфиятҳои Бонки сармоягузории зерсохтҳои осиёӣ мавриди баррасӣ қарор гирад. Ба гуфтаи Раҳмон, авзои муташанниҷи Афғонистон иқтизо мекунад, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барномаи ҷомеи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддирро дар дастури кор қарор диҳанд.

Нуздаҳумин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо ҳузури сарони 11 кишвар, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд, Покистон ва Эрон рӯзи ҷумъа дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.