Июн 15, 2019 09:48 Asia/Dushanbe
  •  Тавофуқи Тоҷикистон ва Чин барои истихроҷи нуқра аз маъдани ноҳияи Мурғоб

Созишномаи истихроҷ ва коркарди нуқра аз маъдани ба номи Як ҷилва дар ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон миёни Кумитаи давлатии Мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ва ширкатии чинии Кеши Синюуи ба имзои тарафайн расид.

 Ба нақл аз хабаргузории Спутник, ин созишнома дар ҳошияи ҳамоиши байналмиллалии сармоягузорӣ дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон ба имзои Фаррух Ҳамроҳализода раиси кумитаи давлатии Мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ва хонуми Жов Мин мудири ширкати чинии Кеши Синюуи расид.

 Пеш аз ин идораи маъданшиносии Тоҷикистон аз шиносоии захираҳои 204 тон ва 920 килло нуқра дар маъдани баноми  Як ҷилва дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон хабар дода буд.

Ба гуфтаи коршиносон дар ҳар як тон хоки ин маъдан 640 грам нуқра вуҷуд дорад,ки дар Осиёи Марказӣ беназир мебошад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентиябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон гуфта буд иҷозатномаи истихроҷи нуқра аз ин маъдан ҳануз дар соли 2006 содир шуда ва маблағи 125 миллион сомонӣ барои омодасозии зерсохтҳои он ҳазина гардидааст.

Ба гуфтаи вай бо баҳрабардорӣ аз корхонаи истихроҷи нуқра дар ноҳияи Мурғоб дар вилояти Бадахшон 220 нафар бо кори доим таъмин шудаанд.

Солҳои пеш сармои 30 дараҷаи зери сифри дамои ҳаво ва набуди барқ дар зимистон аз мушкилоти умдаи фаъолияти ин корхона унвон мешуд,ки бо сохти нерӯгоҳи нави барқӣ обӣ дар ноҳияи Мурғоб ин монеъ бартараф шудааст.

Барчасп