Июн 15, 2019 19:39 Asia/Dushanbe
  • Аъзои СИКА мутааҳҳид ба дахолат накардан дар умури дигар кишварҳо шуданд

Сарони кишварҳои осиёӣ дар панҷумин нишасти конфронси Таомул ва Эътимодсозии Осиё, дар баёнияе муштарак ба адами ҳимоят аз гурӯҳҳои ҷудоиталаб, ҳаракоти ҷудоиталабона ва дахолат дар умури дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо мутааҳҳид шуданд.

Ба гузориши ИРНА, мақомоти кишварҳои ҳозир дар ин нишаст, ки имрӯз, 15 –уми июн дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба поён расид, бо интишори баёнияе эълом карданд, ҷудоиталабӣ барои истиқлол, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва амнияту суботи кишварҳо хатарнок аст ва кишварҳои узв қасд надоранд бо гурӯҳҳои ҷудоиталаби дигар кишварҳо иртибот барқарор карда ё аз онҳо ҳимоят кунанд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст ҳамчунин эълом карданд, ки бо таҳримҳои якҷониба мухолиф ҳастанд ва аз усули адами дахолат дар умури дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо ҳимоят мекунанд.

Дар ин баёнияи муштарак омадааст: “Мо бар ин боварем, ки ҳеҷ кишваре ба сурати мустақим ё ғайримустақим набояд дар умури дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо, аз ҷумла тағйири ҳукумати он кишвар дахолат кунад”.

Тарҳи эҷоди конфронси Таомул ва Эътимодсозии Осиё (СИКА) дар моҳи октябри соли 1992 –и ‫  мелодӣ аз тарафи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии собиқи Қазоқистон ба манзури иртиқои равобит ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои осиёӣ, бо ҳадафи эҷоди субот ва барқарории амният дар минтақа матраҳ шуд ва ин ниҳод дар соли 1996 ба таври расмӣ ба вуҷуд омад..

Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳодияи Араб ва теъдоде аз кишварҳо, аз ҷумла Малайзия, Индонезия, Ветнам, Ҷопон, Украина ва Амрико аз аъзои нозир бар ин нишаст ҳастанд.

Эрон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Русия, Ҳинд, Фаластин, Муғулистон, Қирғизистон, Узбакистон,  ҷумҳурии Озарбойҷон ва Таиланд аз ҷумлаи аъзои СИКА ҳастанд.