Июн 15, 2019 21:22 Asia/Dushanbe
  • Хабарҳои кӯтоҳ аз нишасти сарони СИКА дар Душанбе

Меҳмонони нишасти сарони конфронси Таомул ва Эътимодсозӣ дар Осиё -СИКО дар шаҳри Душанбе, илова бар суханронӣ дар иҷлос, дидорҳои дуҷонибае низ баргузор карданд.

  • -Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14 –уми июн, дар ҳошияи нишасти СИКА дар қасри “Миллат” бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидору гуфтугӯ кард. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар, ҳамчунин мавзӯи сафари расмии чанде пеш анҷомшудаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия, раванди иҷрои асноди қаблан имзошуда, ҳамкории ниҳодҳои ду кишвар дар роҳи густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва тавофуқоти бадастомадаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
  • -Асри 14-уми июн Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин дидору гуфтугӯ кард. Дар ин дидор ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои кори конфронси Таомул ва Эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) барои таҳкиму тавсеаи муносибот ва ҳамкории кишварҳои минтақа ва ҳалли масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
  • -Раҳмон ҳамчунин шоми 14 –уми июн дар қасри “Миллат” бо нахуствазири ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил уғлу Мамедов дидор кард. Ҷонибҳо зимни мулоқот муҳимтарин мавзуҳои марбут ба ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, нақлиёт ва зерсохтҳои нақлиётӣ, обу энержӣ, кишоварзӣ, иртиботот, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
  • -Раҳмон рӯзи 14 –уми июн дар ҳошияи ин нишаст ҳамчунин бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ҷадиди Қазоқистон дидор ва сипас бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар бораи масоили амниятӣ, ҳалли мушкилоти сиёсии Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла бо хатароти терроризм ва ифротгароии динӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ройзанӣ карданд.
  • -Рӯзи 15-уми июн Эмомалӣ Раҳмон дар қасри “Миллат” бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кард. Дар ин дидор ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсамтии Тоҷикистон ва Эронроо мавриди баррасӣ қарор доданд. Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки баргузории конфронси панҷуми СИКА бо ширкати фаъоли сарони кишварҳои узв баҳри тавсеаи ҳамкории кишварҳои минтақа дар самти ҳалли мушкилоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард. Сарони Тоҷикистону Эрон ҳамчунин масоили рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму фанноварӣ, фарҳанг ва бахши зерсохтиву иртиботиро мавриди баррасӣ қарор доданд.  
  • -Раҳмон ҳамчунин имрӯз бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон, шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар,  Данг Тхи Нгок Тхин, ноибраиси ҷумҳурии Ветнам ва Хун Сен, нахуствазири Камбоҷа дидору ройзанӣ кард.
  • - Ҳамчунин Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ва шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар дар дидоре дар ҳошияи иҷлоси СИКА дар Душанбе, рафъи ихтилофот дар минтақаро танҳо аз роҳи гуфтугӯ ва ҳамкории ҷамъӣ қобили ҳал донистанд ва бар зарурати ҳамкориҳои Теҳрон ва Доҳа барои кумак ба ваҳдат ва якпорчагии ҷаҳони Ислом таъкид карданд.
  • - Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидори шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ гуфт, Қатар як шарики муҳим ва мавриди эътимод дар минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқо аст ва ҳамкорӣ миёни Доҳа ва Маскав дар масоили марбут ба авзои минтақа дорои аҳамияти бисёр аст.
  • - Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин дар суханронии худ дар иҷлоси СИКА, аз кишварҳои осиёӣ ва шарикони онҳо хост, аз идеяи эҷоди амнияти муштарак, фарогир, пойдор ва мубтанӣ бар ҳамкорӣ дифоъ кунанд ва барои эҷоди як сохтори амнияти минтақаӣ, ки вижагиҳои осиёӣ дошта бошад, талош кунанд то битавон ба ин тариқ амнияти ҷамъӣ дар қораи Осиёро тазмин кард.
  • - Ҳасани Рӯҳонӣ дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар ҳошияи панҷумин нишасти сарони конфронси Таомул ва Эътимодсозӣ дар Осиё гуфт, Теҳрон алоқаманд ба тавсеаи равобит бо Анкара дар ҳамаи арсаҳо, бавижа дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст ва ҳаҷми мубодилоти солонаи ду кишвар бояд ба рақами 30 миллиард доллар бирасад.
  • - Рӯҳонӣ дар дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон, ки қабл аз оғози панҷумин конфронси СИКА баргузор шуд низ гуфт, илова бар осебҳои иҷтимоӣ, бахши умдае аз таъмини молии терроризм аз қочоқи маводи мухаддир анҷом мешавад ва ин масъала зарурати муборизаи ҳамаҷониба ва ҳамоҳанг бо қочоқи маводи мухаддирро бештар мекунад. Раиси иҷроии давлати Афғонистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ҳимоятҳо ва кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мардуми Афғонистон, бар тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид кард.
  •