Июн 16, 2019 09:22 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи маркази тавонбахшии маълулон дар Душанбе бо кумаки Туркия

Ҳамсари раиси ҷумҳури Туркия дар маросими ифтитоҳи маркази тавонбахшии маълулон дар шаҳри Душанбе, ки бо кумаки молӣ ва таҷҳизотии Ожонси рушд ва ҳамкории байналмиллалии Туркия сохта шудааст, ширкат кард.

Ба нақл аз сайти Ка-Нюз, хонум Омина Эрдуғон ба ҳамроҳи Насим Олимзода ва хонум Самангул Тағойзода вазирони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум ва кору муҳоҷирати Тоҷикистон ин маркази навро, ки дар масоҳати 300 метри мураббаъ сохта ва таҷҳиз шудааст, ифтитоҳ кард.

Созишномаи сохти ин марказ дар соли 2018 миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва Ожонси рушд ва ҳамкории байналмиллалии Туркия имзоъ шуда буд.

Дар маркази тавонбахшии маълулон, ки дар муҷтамаи бемористоне мавсум ба "Шафобахш" дар шаҳри Душанбе воқеъ шудааст, мутахассисоне, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон давраҳои омӯзиширо фаро гирифтаанд фаолият хоҳанд кард.

Дар ин марказ илова бар дармони маълулон ба ашхосе, ки дар муҷтамаи бемористонии "Шафобахш" таҳти амали ҷарроҳӣ қарор мегиранд кумакҳои тавонбахшӣ ироа хоҳад шуд.

Хонум Омина Эрдуғон ба ҳамроҳи ҳамсараш Раҷаб Таиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия барои ширкат дар панҷумин нишасти сарони конфронси  Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон сафар кардаааст.