Июн 16, 2019 09:49 Asia/Dushanbe
  • Поинтарин мизони ҳуқуқ дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Ҷомеаи Ҳамсуд

Кумитаи байни давлатии омори кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд эълом кард, шаҳрвандони Тоҷикистон поинтарин мизони ҳуқуқ ва дастмуздро дарёфт мекунанд.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, ин кумита эълом кардааст, ки бар асоси бароварди охирҳои моҳи апрели соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ҳуқуқи камтаре дарёфт кардаанд.

Дар Тоҷикистон мутавассити ҳуқуқи моҳиёнаи шаҳрвандон 1 ҳазору 364 сомонӣ муодили 145 доллар аст. Ин шохис дар Русия 730 доллар, Беларус 518 доллар, Қазоқистон 430 доллар, Ҷумҳурии Озарбойҷон 370 доллар, Арманистон 375 доллар ва Қирғизистон 239 эълом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси давлатии омори Тоҷикистон дар аввалҳои соли 2018 эълом карда буд, ки миёнаи ҳуқуқи моҳиёнаи шаҳрвандони ин кишвар ба 129 доллар расидааст, ки дар соли 2017 ин шохис 120 доллар буд.

Аммо дар соли 2018 миёнаи ҳуқуқи нафақахурон дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ва Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 310 сомонӣ баробар бо 33 доллар мебошад.