Озодаи Раҳмон; хилофкунандагони истифода аз симкортҳои ғайри муҷоз муҷозот мешаванд
Раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар бораи муҷозоти қонунии хилофкунандагони истифода аз симкортҳои ғайри муҷози телефонҳои ҳамроҳ дар ин кишвар тавзиҳотеро ироа кард.
Ба нақл аз сомонаи нашрияи парлумонии Садои мардум Озода Раҳмон,ки раёсати кумитаи Қонуни асосӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон ро бар уҳда дорад дар нишсти Маҷлиси миллии ин кишвар тарҳи ислоҳи қонуни ҷиноии ин Ҷумҳури ро барои муҷозоти афроди хилофкунандагон ҳангми истифода аз симкорти телефонҳои ҳамроҳ шарҳ дод.
Вай таъкид кардааст,ки ҳадаф аз ин иқдом ташдиди назорат бар раванди истифода аз симкорти телефонҳи ҳамроҳ дар Тоҷикистон аст.
Ба гуфтаи Озодаи Раҳмон нақзи муқарароти фаъол кардани симкорт ё вогузории он ба афроди дигар,ки муҷиби истифода аз сӯи ашхоси вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шавад, муҷозоти қонунӣ аз ҷумла маҳкумияти зиндон ро дар пай хоҳад дошт.
Аз дидгоҳи вай ташдиди мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ бо истифода аз маҳдудиятҳои симкорти телефони ҳамроҳ комилан саҳеҳ аст ва бо таъаҳудоти байналмиллалии Тоҷикистон дар заминаи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муғойират надорад.
Маҷлиси миллии Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни ҷиноии ин кишвар ро бо ҳадафи ташдиди мубориза бо хилофкунандагони истифода аз симкорти телефонҳои ҳамроҳ тасвиб кард,ки пас аз имзои раиси Ҷумҳурӣ иҷроӣ хоҳад шуд.