Июн 17, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Зуҳуров шикояти намояндагони маҷлис аз мақомоти давлатиро ба Раҳмон мунтақил мекунад

Раиси Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон пас аз шикояти яке аз намояндагон дар мавриди бетаваҷӯҳии мақомоти Ҳукуматӣ ба дархостҳояш ваъда додааст,ки ин маврид ро ба Раиси ҷумҳурии ин кишвар мунтақил хоҳад кард.

Ба нақл аз хабргузории Спутник, Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон пас аз  шунидани шикоятҳои ЗайниддинСафаров яке аз намояндагон аз масулони Вазорати ҳамлунақли ин кишвр гуфтааст,ки ин маврид ро ба эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурӣ мунтақил хоҳад кард.

Ин намоянда муддаъӣ шудааст,ки борҳо бо масулони Вазорати ҳамлунақл мавзуи вайронии роҳҳои минтақаи Кулобро ба далели бори бештар аз ҳадди муҷози мошинҳои боркаши вазнин матраҳ кардааст аммо таваҷуҳе ба ин мушкил нашудааст.

Вай таъкид кард,3 сол пеш бо ҳазинаи зиёди молӣ,роҳи ноҳияи Данғара ба самти минтақаи Кангурт мавриди бозсозӣ қарор гирифт аммо акнун ба далели ҳаракати мошинҳои боркаши вазнин дубора ин роҳ вайрон шудааст.

Ин дар ҳолест,ки дар соли 2018 Худоёр Худоёрзода Вазири ҳамлунақли Тоҷикистон дар дидор бо Ҷониш Рустамбеков сафири Қирғизистон дар Душанбе гуфта буд барои бозсозии роҳҳои Тоҷикистон наздик ба 1 миллиард доллар аз маҳали қарзҳои кишвари Чин ҳазина шудааст ва ҳаракати мошинҳои боркаши вазнини Қирғизистон дар ин масир муҷиби вайронии бахшҳое аз ин ҷодаҳо мешавад.

Аммо коршиносон мегуянд нодида гирифтани дархости намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аз сӯи мақомоти Ҳукуматӣ муҷиб шудааст,ки дар афкори умумӣ аз парлумон ба унвони ниҳоди кам фаъолият ва бетаъсир дар тасмимгириҳои калон дар ин кишвар ёд кунанд.