Июн 18, 2019 09:04 Asia/Dushanbe
  • Тирози манфии 892 миллион долларии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таи 5 моҳи имсол

Ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таи 5 моҳи имсол ба 1 миллиарду 700 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 30 миллион доллар бештар мебошад.

Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, таи ин муддат тирози манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба нафъи воридот ба 892 миллион доллар расидааст,

Таи ин муддат ба Тоҷикистон 1 миллиарду 300 миллион доллар коло ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш севу аз даҳ ҳашт дарсад ё наздик ба 48 миллион доллар бештар мебошад.

Ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон таи 5 моҳи имсол наздик ба 411 миллион доллар эълом шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Таи 5 моҳи соли равон Русия бо 415 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон муҳимтарин шарики ин кишвар боқӣ мондааст. Қазоқистон бо 348 миллион доллар дар радаи дуввум ва Чин бо 243 миллион доллар дар радаи севвум қарор гирифтаанд.

Дар ин миён мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Чин таи 5 моҳи соли равон наздик ба 7 дарсад коҳиш ёфтааст.