Июн 18, 2019 09:22 Asia/Dushanbe
  • Монеаҳои рушди гардишгарии Тоҷикистон аз дидгоҳи намояндаи Бонки ҷаҳонӣ

Коршиноси Бонки ҷаҳонӣ муътақид аст дар Тоҷикистон се монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди гардишгарӣ дар ин кишвар вуҷуд дорад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, хонум Мадина Нурмуҳаммадова гуфтааст, ки нархи болои сузишворӣ, хадамоти гарон дар фурудгоҳи Душанбе ва кам будани теъдоди парвозҳои мустақим ба хориҷи дур аз ҷумлаи ин монеаҳо аст.

Вай таъкид кардааст бо намояндагони ширкатҳои байналмиллалии ҳавопаймоӣ, ки ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳанд дар ин маврид гуфтагӯ доштааст ва онон аз гаронии нархи сузишворӣ ва хадамот дар фурудгоҳи Душанбе шикоят доранд ва мегуянд, ки ин мавридҳо монеаи аслӣ дар роҳи гусариши ҳамкориҳо ва ба вижа рушди гардишгарӣ аст.

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши парвозҳои хориҷӣ ба ин кишварро ба анҷоми парвозҳои мутақобили ширкатҳои тоҷикӣ машрут мекунад, ки ин амалан ғайримумкин аст чаро ки Тоҷикистон на ҳавопаймои кофӣ дар ихтиёр дорад ва на сузишворӣ, ки ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ аз он истифода кунанд.

Ҳамчунин набуди парвозҳои мустақим ба хориҷи дур аз дигар монеаҳои рушди гардишгарӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Зеро умдаи парвозҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон анҷом мешавад, ки ба интиқоли коргарони муҳоҷир маҳдуд мешавад.

Аз дидгоҳи хонум Мадина Нурмуҳаммадова яке аз роҳҳои умдаи ҷазби гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиши теъдоди парвозҳо ба хориҷи дур, коҳиши нархи чиптаи ҳавопаймо ва сузишворӣ дар нархи хадамоти фурудгоҳӣ аст, ки бояд руи ин барнома тамаркуз кард.