Июн 18, 2019 10:29 Asia/Dushanbe
  • Фанноварии чинӣ тараддуди тоҷиконро контрол мекунад

Қарор аст ба зудӣ дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон дурбинҳои назоратии сохти кишвари Чин насб шаванд, то тараддуди ашхосро таҳти назар бигиранд.

Ба нақл аз Фарғона, ин матлабро Фарқатшоҳ Мардонов мудири маркази "Шаҳри бехатар" дар Душанбе  эълом карда ва афзудааст, ин фанноварӣ тавлиди ширкати чинии Ҳуавӣ аст, ки аз он барои шиносоии ашхоси гумшуда ҳамчунин пешгирӣ аз ҷурму ҷиноят истифода мешавад.

Гуфта мешавад ин фанноварӣ дар сареътарин замони мумкин ҳувияти ашхоси ҳозир дар маҳалли диди дурбинҳоро мушахас ва ба маркази контроли тарҳи мавсум ба "Шаҳри бехатар" мунтақил мекунад.

Бар асоси тарҳи нав, дурбинҳои чинӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои қатор, терминалҳои мусофирбарӣ, паркҳо, бозорҳо ва амокини умумӣ насб хоҳад шуд.

Ба ин тартиб бо роҳандозии ин фанноварӣ ба доираи тасаллути Чин дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуда хоҳад шуд.

Чин дар ҳоли ҳозир аслитарин шарики тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.