Июн 19, 2019 09:05 Asia/Dushanbe
  • Безарарсозии амалиёти 5 гуруҳи террористӣ дар водии Рашти Тоҷикистон

Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон аз безарар гардондани амалиёти 5 гуруҳи террористӣ дар водии Рашти Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, дар баёнияи ин ниҳод таъкид шудааст, ки бо талоши кормандони Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар водии Рашт аз иҷроишудани 5 амалиёти  террористӣ таи шаш моҳи имсол пешгирӣ шудааст.

Гуфта мешавад аъзои ин 5 гуруҳи террористӣ ба дастури ҳомиёни хориҷии хеш қасди анҷоми амалиёти вайронкорона дар водии Ратшро доштанд, ки пеш аз иҷроӣ кардани ин тарҳҳо шиносоӣ ва боздошт шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш додгоҳи шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми талош барои анҷоми амалиёти террористӣ дар наздикии сохтмони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба 20 сол зиндон маҳкум кард.

Мақомоти додгоҳи Душанбе гуфтаанд ин ашхос, ки узви яке аз гуруҳҳои террористӣ аст қасд дошт дар моҳи сентиябри соли 2018 дар ҳини баргузории парадаи субҳгоҳии кормандони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон  алайҳи онон амалиёти таркишӣ анҷом диҳад.