Июн 19, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои нави иштиғоли коргарони муҳоҷир дар вилояти Сахалини Русия

Мақомоти давлатӣ дар вилояти Сахалин дар шарқи дури Русия барои иштиғоли коргарони муҳоҷири хориҷӣ маҳдудиятҳои нав иҷроӣ карданд.

Ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии кор ва муҳоҷирати вилдояти Сахалин бо дастури нави давлатӣ фаолияти корагрони муҳоҷири узбакистонӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ дар бахшҳои хадамоти бустонҳо ва фазои сабзи идораҳои ҳукуматӣ, марокизи дармонӣ ва омӯзишӣ, варзишӣ ва тафриҳӣ, манзилҳои маскунӣ ва ширкатҳои хусусии ин минтақа мамнуъ хоҳад шуд.

Ҳамчунин коргарони хориҷӣ дигар ҳақ надоранд дар ширкатҳои хадамоти пуст ва таблиғот фаолият кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 ва 2019 ба дастури Валерӣ Лимаринко раиси вилояти Сахалин фаолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бахшҳои саноати ғизоӣ, марказҳои тиҷорӣ, ҳамлу нақли заминӣ ва баҳрӣ, омӯзишу парвариш, ҳотелҳо ва ширкатҳои обу фозилоб мамнуъ шудааст.

Ҳамчунин нархи иҷозатномаи моҳиёнаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар вилояти Сахалини Русия дар соли 2019 бо афзоиши 25 дарсадӣ ба 5 ҳазору 807 рубл расида, ки дар муқоиса бо дигар минтақаҳои ин кишвар бисёр гарон аст.

Гуфта мешавад бештари  коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар вилояти Сахалини Русияро шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил медиҳнд.