Июн 20, 2019 12:16 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайъати баландпояи низомии Беларус ба Тоҷикистон

Маркази матбуотии Вазорати дифои Тоҷикистон аз сафари ҳайъати баландпояи низомии Беларус ба Душанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин сафар тарафайн масоили марбут ба иртибототи низомӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

 Бар асоси ин гузориш дар ин сафар ҳамчунин табодули таҷриба дар заминаи иртиботот миёни намояндагони ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Беларус ва бахши иртиботот ва фанноварии иттилоотии ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом хоҳад шуд.

Интизор меравад ҳайъати беларусӣ дар чорчуби сафари расмии худ ба Тоҷикистон бо ҳамтоёни тоҷикии худ дидор ва пайромуни навсозии муҷтамаъҳои низомӣ ва омӯзишӣ баҳс ва табодули назар кунанд.

Илова бар ин мутахассисони беларусӣ дар чорчуби ин сафар бо моделҳои нави абзорҳои диҷитал ва системҳои иртиботи низомӣ, ки дар Тоҷикистон истифода мешаванд ошно хоҳанд шуд.

Тоҷикистон ва Беларус аз кишварҳои Шуравии собиқ ҳастанд, ки дар соли 1991 ба истиқлол расиданд.