Мақоми тоҷик: Терроризм ва ифротгароӣ монеи сулҳ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44581-Мақоми_тоҷик_Терроризм_ва_ифротгароӣ_монеи_сулҳ_дар_Афғонистон
Намояндаи доими Тоҷикистон дар иҷлоси Созмони Милал гуфт, терроризм, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир монеи тавсеаи сулҳ дар Афғонистон ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 21, 2019 15:38 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик: Терроризм ва ифротгароӣ монеи сулҳ дар Афғонистон

Намояндаи доими Тоҷикистон дар иҷлоси Созмони Милал гуфт, терроризм, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир монеи тавсеаи сулҳ дар Афғонистон ҳастанд.

Муҳаммадамин Муҳаммадаминов, намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлоси Шӯрои амнияти Созмони Милал дар умури Афғонистон ширкат ва матолиберо баён кард.

Вай дар ин иҷлос гуфт, терроризм, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир монеи тавсеаи сулҳ дар Афғонистон ҳастанд.

Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милал дар бахши дигари суханони худ бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ таъкид кард.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар ду конфронси муҳим, аз ҷумла “ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва манобеи молии он, ба хусус қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта” ва ҳамчунин “панҷумин иҷлоси Таомул ва эътимодсозии Осиё” баргузор шуд.