Июн 23, 2019 13:14 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Раҳмон аз баргузоркунандагони нишасти МҲТБО

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи баргузории нишасти сарони конфронси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё , ки ба мезбонии Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шуд, изҳори ризоят ва қаноатмандӣ намуд.

Ба нақл аз Спутник, Эмомалӣ Раҳмон зимни қадрдонӣ аз баргузоркунандагони панҷумин нишасти МҲТБО гуфт, аз мақомдорони Душанбе, ронандаҳо ва сокинон бепоён миннатдор аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҳамаи сохтору мақомоти он барои дар сатҳи баланди ташкиливу омодагӣ ва дар муҳити ободу ором гузаронидани чорабинии зикршудаи байналмилалӣ изҳори сипос карда, миннатдории бепоёни худро, махсусан, ба сокинони шаҳри Душанбе, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ ва дигар сохторҳои хизматрасонӣ барои масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одоби баланди муошират, фарҳанги волои меҳмондориву меҳмоннавозӣ ва хизматрасонии босифат ба ҳайати меҳмонони Тоҷикистон баён мекунам.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон  таъкид кард, дар сатҳи баланд баргузор шудани ин чорабинӣ натиҷаи заҳмату талоши тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва саҳми арзишманди сокинони пойтахт мебошад.

Дар ҳамин ҳол раёсати Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамоиши навбатии президентҳо бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Душанбе соли 2021 баргузор мешавад, Кумитаи тадорукотӣ ташкил намуда, Қоҳир Расулзодаро роҳбари он таъин кардааст.

Нишасти МҲТБО дар Тоҷикистон, ки боиси қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон шудааст, бо иштироки ҳайатҳои ҳудуди 30 давлати дунё 14-15 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Раҳмон, Қоҳир Расулзодаро ба унвони масъули омодасозӣ ва баргузории ин нишасти таъин карда буд.