Усмонзода; арзиши шиносномаҳои пластикии Тоҷикистон беш аз 5 сомонӣ нест
Саидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби демократ ва вакили парлумони Тоҷикистон мегуяд, шиносномаҳои пластикӣ ба он нархе,ки имрӯз дар ихтиёри мардуми Тоҷикистон қарор мегирад,намеарзад.
Ба нақл аз Спутник, Усмонзода гуфт, нархи шиносномаҳои пластикӣ бояд 5 сомонӣ бошад ва иваз кардани он фақат дар як рӯз сурат мегирад; чаро,ки дастгоҳи тавлиди ин шиноснома дар консулгарӣ мавҷуд аст.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон зимни суҳбат дар раидои Тоҷикистон таъкид кардааст,10 доллари амрикоӣ муодили 90 сомонӣ барои ин шиносномаҳо талаб мекунанд,ки барои шиносномаҳое бо ин ҷинси пластикӣ фақат ба андозаи 5 сомонӣ меарзад.
Вай гуфт; бояд нархномаи ивазкардани шиноснома дар дастраси умуми мардум қарор бигирад ва нархи мутафовит дошта бошад то агар муҷарраде хонадор шуд ё шахсе макони зисташро иваз кард, иваз кардани шиноснома бо он нарх дар дастрас бошад ва таҳияи он дар як рӯз анҷом гирад.
Усмонзода дар мавриди фасодкории масулони мизи шиносномадиҳӣ гуфт;дар ин масала айби худи шаҳрвандон низ ҳаст,ки ҳаққи худро талаб намекунанд.
Ӯ гуфт, шаҳрвандон бояд фаъол бошанд ва агар масули хадамоти шиносномадиҳӣ даст ба фасод занад онҳо ҳаққи худро талаб кунанд ва алайҳи тамаъҷуён ба сохторҳои ҳукуматӣ аз додситонӣ то Ожонси зидди фасод муроҷиъа кунанд.