“Кохи Наврӯз”-и Тоҷикистон ҷузви 8 муъҷизаи гардишгарии Созмони Ҳамкории Шанхай + АКС
(last modified Mon, 24 Jun 2019 16:40:20 GMT )
Июн 24, 2019 21:40 Asia/Dushanbe
  • “Кохи Наврӯз”-и Тоҷикистон ҷузви 8 муъҷизаи гардишгарии Созмони Ҳамкории Шанхай + АКС

“Кохи Наврӯз” - и пойтахти Тоҷикистон ба унвони яке аз 8 муъҷизаи муосири Созмони Ҳамкории Шанхай муаррифӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Ховар”, ин тасмим аз сӯйи дабирхонаи Созмони Ҳамкории Шанхай иттихоз шудааст.   

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 21 июни соли 2019 дар Пекин, пойтахти Чин ба муносибати рӯзи таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай тарҳи иқтидорҳои гардишгарии кишварҳои узви ин созмон таҳти унвони “8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай" мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки “Кохи Наврӯз”-и Тоҷикистон низ ба унвони 8 муъҷизаи ин созмон муаррифӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш “Кохи Наврӯз”-и пойтахти Тоҷикистон дар чорчӯби тарҳи иқтидорҳои гардишгарии СҲШ ба унвони муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба санъати меъморӣ ва наққошии он имтиёзи боло дода шуд.

Ҳуззор дар ин ҳамоиш аз санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва наворҳои видеоӣ аз наздик ошно гардиданд.

Image Caption

 

Маврид ба зикр аст, ки “Кохи Наврӯз” соли 2010 –и мелодӣ бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, тарҳи мунҳасир ба фарде дорад. Ин кох аз 5 ошёна иборат буда, наздик ба 40 ҳазор метри муррабаъ аз ҳунари дастии устоҳои моҳир ва меъморони чирадасти тоҷикро ташкил медиҳад. Ҳамчунин толорҳои кучаку бузург, айвонҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва толори мусиқӣ ба бино шукӯҳу шаҳомати хоса  мебахшанд. 11 толори ин кох бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла гаҷкорӣ, мозайка аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангуборшуда, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва ойиннабандӣ тазйин дода шудаанд.

Дар поён исму номи маконҳои гардишгариеро, ки ба унвони 8 муъҷизаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай муаррифӣ шудаанд, бо аксҳо меорем:

Тоҷикистон: Кохи Наврӯз;

Image Caption

 

Узбакистон: Маркази маънавӣ-торихии шаҳри Бухоро – гурӯҳи меъмории “Пои Калон”;

Image Caption

 

Қазоқистон: маҷмӯаи бостоншиносии Тамгали;

Image Caption

 

Қирғизистон:  дарёчаи Иссиқ-Кӯл;

Image Caption

 

Русия: Ҳалқаи Тилоӣ (Золотое кольцо);

Image Caption

 

Чин: дарбори шоҳии Дамин;

Image Caption

 

Ҳинд: тандиси Ваҳдат;

Image Caption

 

Покистон:  мероси моголи бузург дар Лоҳур;

Image Caption