Июн 25, 2019 15:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик: Довталаби дифоъ аз Эрон хоҳам шуд

Додоҷони Атовулло, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсии шаҳири тоҷик дар матлабе бо номи "10 дақиқа то Ҷанги Севуми Ҷаҳонӣ" дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” навишт: «Рӯзе, ки Трамп пой бар Кохи Сафед ниҳод, дилам сиёҳ шуда буд, ки ӯ ҳатман бадбахтие барои инсоният меоварад».

Вай афзуд, то пеш аз раисҷумҳур шудани Трамп дар назари ӯ Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири Исроил касифтарин сиёсатмадори ҷаҳон буд ва пас аз он Трамп низ ба ин феҳраст афзуда шуд.

Додоҷони Атовулло навиштааст, мушовирони Трамп ба ӯ, ки муқобили Эрон эълони ҷанг карда буд, ҳушдор доданд, ки "Эрон шохатро хоҳад шикаст".

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик таъкид кардааст, ки сарфи назар аз низоми сиёсии Эрон ӯ ба ин ки ҷузъе аз Эрони бузург аст, ифтихор мекунад ва Эрон, ки замоне ними дунё буд, имрӯз низ "бо виқор, бо шаҳомат ва пурғурур" дар баробари ҳама дунё истодааст.

Додоҷони Атовулло дар поён навиштааст: «Агар мабодо ҷанге, ки то оғозаш 10 дақиқа монда буд, сар шавад, номи маро ҳам дар рӯйхатти довталабон бинависед: Додоҷон Атовуллоев, Тоҷикистон, лейтенанти калон...”.