Июн 26, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Вуруди Созмони Миллал ба падидаи нопадидшавии ашхос дар Тоҷикистон

Созмони Миллали Муттаҳид қасд дорад мавзӯи нопадидшавии гоҳ ба гоҳи ашхос дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Ба гузориши Садои Хуросон, сомонаи Ахбори Созмони Миллали Муттаҳид бо нашри ин хабар афзуд, таи рӯзҳои  30 июн то 5 июли соли равон, ҳайате аз Созмони Миллали Муттаҳид барои баррасии мавзӯи нопадидшавии гоҳ ба гоҳи ашхос дар Тоҷикистон ба ин кишвар сафар мекунад.

Ин ҳайат қарор аст бо бастагони ашхосе, ки ба иҷбор ва бо тавассул ба зур нопадид шудаанд, гуфтугӯ кунад ва бо иқдомоти давлати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо ин падида ошно шавад.

Натиҷаи баррасиҳои ин ҳайат, дар Иҷлоси ҳуқуқи башари Созмони Миллал дар шаҳри Женева дар сентябри соли 2020 эълом хоҳад шуд.

Нопадидшавии шаҳрвандони тоҷик ба вижа кудакон яке аз зуҳуроти номатлуб ва нигаронкунанда дар Тоҷикистон дар даврони пас аз истиқлол аст.

Бахше аз ин мушкилот ба замони ҷанги дохилӣ ва муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бармегардад, аммо бахши дигари он ба рабудани ашхос ба хусус кудакон марбут аст.