Июн 27, 2019 13:00 Asia/Dushanbe
  • Зарурати таъсиси бонки иттилооти хун дар Тоҷикистон

Падари доғдидаи тоҷик, ки ба тозагӣ фарзанди навҷавонашро бар асари бемории саратони хун аз даст додааст, таъсиси бонки иттилооти хун дар Тоҷикистонро хостор шуд.

Муҳаммад Иброҳимов, ки худ аз мудирони бахши хусусии беҳдошти Тоҷикистон аст шаби гузашта ба хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон гуфт, дар ҷараёни дармони бенатиҷаи фарзандам, ки чандин моҳ тул кашид дарёфтам, набуди бонки иттилооти хун яке аз костиҳои бахши беҳдошти Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи Иброҳимов ин масъала муҷиб шудааст, то бисёре аз бемориҳо дар дохили Тоҷикистон ба дурустӣ ташхис ва дармон нашавад.

Муҳаммад Иброҳимов барои рафъи ин мушкил мусоидати ҳукумати Тоҷикистон хайирин ва нависандагони тоҷикиро хостор шуд.

Яҳё фарзанди 16 солаи Иброҳимзода, ки 5 рӯзи пеш даргузашта соати 16 имрӯз дар Душанбе ба хок супорида мешавад.

Даргузашти ин навҷавон, ки гуфта мешуд ба чандин забони хориҷӣ мусаллат ва дорандаи медали тиллои олимпиадаи ҷаҳонии маҷозӣ буд, мавҷе аз ҳамдардиҳоро дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикзабон эҷод кардааст.