Июл 02, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Неругоҳи Норак бозсозӣ мешавад

Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки тавсеаи Авруосиё бозсозии неругоҳи Норакро ба зудӣ оғоз мекунад.

Ба нақл аз хабаргузории Озия-Плюз, намояндагони бунёди таҳким ва тавсеаи Бонки тавсеаи АвруОсиё дар дидори мақомоти Тоҷикистон масоили вобаста ба бозсозии неругоҳи Норакро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор ду тараф дар заминаи ҳамоҳангии асноди муҳим ва омодасозии тарҳ ва  низ шеваи интихоби ширкати таъминкунандаи таҷҳизоти  мавриди ниёзи он ба тавофуқ расиданд.

Ҳазинаи марҳилаи аввали бозсозии неругоҳи барқ обии Норак 40 миллион доллар баровард шуда, ки Бонки тавсеаи АвруОсиё пардохти ин маблағро  дар қолиби қарзе 20 сола ба Тоҷикистон таъаҳуд кардааст.

Дар марҳилаи аввали ин тарҳ трансформаторҳои неругоҳи барқ обии Норак, ки 40 сол қабл насб шудааст, бо трансформаторҳои нав иваз хоҳад шуд.

Иҷрои ин тарҳ эминӣ дар ин неругоҳро тақвият медиҳад.

Барчасп