Июл 02, 2019 14:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории севвумин нишасти камиссиони Тоҷикистон ва Кореяи ҷанубӣ дар Сеул

Севвумин нишасти камиссиони байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Тоҷикистон ва Кореяи ҷанубӣ дар Сеул баргузор шуд.

Ба гузориши Форс, дар ин нишасти якрӯза мақомоти Тоҷикистон ва Кореяи ҷанубӣ дар бораи тавсеа ва густариши равобити дуҷониба аз ҷумла густариши фаолияти камиссиони байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баҳс ва табодули назар карданд.

Беҳбуди тиҷорати хориҷӣ, ҷазби сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар заминаҳои молӣ ва фаолиятҳои бонкӣ, энержӣ, саноат, кишоварзӣ, ҳамлу нақл , муҳоҷират ва иштиғол, омӯзишу парвариш, беҳдошт, гардишгарӣ аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки дар ин нишаст баррасӣ шуд.

Неъматуллоҳ Ҳикматзода вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон раиси тоҷикӣ дар ин нишаст буд.