Шиносоии омили асосии сӯзондани Осияи шашсола
ВКД Тоҷикистон як навҷавони 13 солаи маълули зеҳниро гумонбари асосӣ дар оташ задани духтари шашсолаи тоҷик муъаррифӣ кард.
Ба нақл аз Марказ матбуоти ВКД Тоҷикистон, Сунатулло Очилдиев дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ , ки ҳоли ҳозир дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад, гумонбари асосӣ дар фоҷеаи оташ задан Осия Зулфонова аст.
ВКД гуфт, сагҳои Сунатулло Очилдиев низ безарар гардонида шуданд. Бар асоси гузоришҳои мунташир шуда, Осия Зулфоноваро рӯзи 19 июн се наврас дар маҳалаи Боғи миллӣ ба симтӯр баста оташ заданд. Дар натиҷа 65 дарсади бадани кӯдак сӯхтааст ва барои табобати ӯ профессори маъруф Эдгар Бимерро аз Олмон даъват кардаанд.