Муҷозоти полиси Русия ба ҷурми таарруз ба муҳоҷирони тоҷик ва узбак
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i44896-Муҷозоти_полиси_Русия_ба_ҷурми_таарруз_ба_муҳоҷирони_тоҷик_ва_узбак
3 нафар аз персонели полиси Русия дар шаҳри Сангт-Петербург ба ҷурми таарруз ба ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикитонӣ ва узбакистонӣ муҷозот шуданд.
(last modified 2026-01-06T10:03:23+00:00 )
Июл 04, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти полиси Русия ба ҷурми таарруз ба муҳоҷирони тоҷик ва узбак

3 нафар аз персонели полиси Русия дар шаҳри Сангт-Петербург ба ҷурми таарруз ба ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикитонӣ ва узбакистонӣ муҷозот шуданд.

Ба нақл аз сомонаи интернетии 78, додгоҳи Примарскии шаҳри Сангт-Петербург ин ашхосро аз ду солу ним то се сол зиндон маҳкум кард.

Бар пояи ин гузориш дар ҷараёни мурофеаи додгоҳӣ собит шудааст, ки  Стефан Андрейченко, Николай Горбатов ва Михаил Сеганов дар моҳи марти 2015 асноди ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбакистонро ба баҳонаи тафтиш дар истгоҳи қатори шаҳрии рудхонаи Сиёҳ-и  шаҳри Сангт-Петербург тавқиф карданд.

Дар зимн полисҳои рус бо муҳоҷирон бархурди хашин ва тавҳиномезе доштанд ва телефони мобелӣ ва 8 ҳазор рубли ононро тасоҳуб карданд.

Инак бо гузашти беш аз 4 сол аз ин ҳодиса ҳақ ба ҳақ дор расид ва полисҳои хилофкор муҷозот шуданд.