Июл 05, 2019 18:22 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони иҷлоси машваратии Тоҷикистон ва Русия дар мавриди Афғонистон

Нишасти машваратии мақомоти зирабти Тоҷикистон ва Русия дар заминаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомоти муштарак дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, нишасти машваратӣ дар заминаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомоти мақомоти зирабти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Русия дар мавриди Афғонистон, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин нишаст, ки дар сатҳи руасои дафтари Осиё ва Африқои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва дувумин департаменти кишварҳои Осиёи Вазорати умури хориҷаи Русия баргузор шуд, масоили марбут ба амнияти минтақаӣ ва вазъият дар Афғонистон баррасӣ шуд.

Ба таври хос, дар ин нишаст масоили марбут ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҳамкории ояндаи ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои дуҷонибаи байналмилалӣ ва минтақаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Илова бар ин, тарафайн дар ин нишаст дар хусуси иртибототи дуҷониба дар заминаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фанноварӣ, омӯзишу парвариш ва беҳдошт баҳсу гуфтугӯ карданд.

Дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, ки раиёсати ҳайати русӣ дар ин машваратҳоро бар ӯҳда дошт, дидору гуфтугӯ кард.

Тарафайн тайи ин мулоқот вазъият дар Афғонистон ва ҳамкориҳои Душанбе ва Маскав дар заминаи таъмини амнияти минтақаиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Барчасп