Сентябр 21, 2016 11:59 Asia/Dushanbe
  • Созмони

Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз таътилии Созмони "Диалог"-и вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен дар ин кишвар хабар доданд.  

Ба иттилои хабаргузории Форс, Эмсол Коч, раҳбари Созмони "Диалог" иллати таваққуфи фаъолияти ин марказро мушкилоти молӣ унвон кардааст, аммо бархе аз аъзои ин созмон мегӯянд, таътилии "Диалог" дар паи дархости давлати Туркия аз мақомоти Тоҷикистон ва бо дастури мақомоти амниятии ин кишвар сурат гирифтааст.  

Яке аз мақомоти амниятии Тоҷикистон низ дар бархе аз расонаҳои ин кишвар далели таътилии ин созмонро террористӣ будани ин созмон ва мушкилоти амниятӣ унвон кардааст.  

Созмони "Диалог" аз маҷмуаҳои омӯзишии Фатҳуллоҳ Гулен дар Тоҷикистон буд .

Пас аз кудатои низомии 15-и июл дар Туркия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон бо баргузории чанд нишасти матбуотӣ аз мақомоти Душанбе дархост кард, ки созмонҳои вобаста ба Фатҳуллоҳ Гуленро таътил кунад.  

 Теъдоди зиёде аз мақомот ва фарҳангиёни Тоҷикистон узви созмонҳои Гулен ҳастанд .

Давлати Туркия аз 3 сол қабл аз Тоҷикистон хоста буд, мадориси мутааллиқ ба созмонҳои Гуленро таътил кунад.