Ибҳом дар иллати марги зиндониёни ҷонбохта дар Тоҷикистон
(last modified 2019-07-08T15:46:46+00:00 )
Июл 08, 2019 20:46 Asia/Dushanbe
  • Ибҳом дар иллати марги зиндониёни ҷонбохта дар Тоҷикистон

Интишори тасвири яке аз зиндониёни ҷонбохта дар масири интиқол ба зиндони Душанбе бо сару сурате захмӣ дар шабакаҳои интернетӣ, шубаҳотеро дар бораи хабари масмумияти 13 зиндонии тоҷик эҷод кардааст.

Мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо бо интишори тасвири ҷасаде, ки дар сураташ осори зарбу шатм мушоҳида мешавад, муддаӣ шуданд, ки соҳиби ин акс Валиҷон Одинаев, аз аҳолии шаҳри Ҳисори Тоҷикистон аст, ки дар вилояти Суғд зиндонӣ буда ва дар масири интиқол ба шаҳри Душанбе ҷон бохтааст.

Сару сурати захмии ин фарди ҷонбохта дар ҳоле аст, ки мақомоти Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ эълом карданд, ки 13 зиндонӣ, ки ҳафтуми июл дар масири интиқол ба зиндонҳои Душанбе, Норак ва Ёвон ҷони худро аз даст доданд, бар асари хӯрдани нон масмум шуда буданд. Бархе расонаҳо омори тозаи зиндониёни ҷонбохтаро 14 нафар эълом кардаанд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то кунун ба интишори ин акс вокунише нишон надодаанд.