Тоҷикистон мизбони нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ
(last modified Mon, 15 Jul 2019 16:18:40 GMT )
Июл 15, 2019 21:18 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ

Нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ имрӯз ба Тоҷикистон сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, Ли Нак Ён имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо истиқболи муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар мақомоти расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Ли Нак Ён дар сафараш ба Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон дидор мекунад.

Дидор бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз дигар барномаи сафари Ли Нак Ён ба Тоҷикистон аст.

Фардо, 16 –уми июл қарор аст ҳайатҳое аз давлатҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ бо раёсати нахуствазирони ин кишварҳо дидор кунанд ва чанд санади ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Сеул имзо шавад.