Июл 16, 2019 21:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ имрӯз дар Душанбе чашмандози равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар дидори Ли Нак Ён бо таъкид бар густариши равобити Душанбе ва Сеул ҳамкории Сандуқи Кореяи Ҷанубиро барои ихтисоси қарзҳои имтиёзнок барои тавсеаи иқтисоди Тоҷикистон хостор шуд. Дар ин дидор ҳамчунин дар заминаи равобити парлумонҳои Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, саноатӣ, обу энержӣ, молӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, беҳдоштӣ ва дорусозӣ, омӯзишу парвариш, фарҳангӣ, муҳоҷират, гардишгарӣ ва сохти коргоҳҳои муштараки тавлидӣ дар минтақаҳои тиҷории Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин нишастеро миёни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ гоми муҳиме дар тавсеаи равобити ду кишвар унвон кард.

Нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ, ки дирӯз ба Душанбе сафар кард, имрӯз дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе бо тақдими тоҷгул ба тандиси Исмоили Сомонӣ ба мақоми ӯ ба унвони намоди ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон адои эҳтиром кард.

Дар сафари Ли Нак Ён ба Тоҷикистон қарор аст, миёни Душанбе ва Сеул чанд қарордоди ҳамкорӣ имзо шавад.

 

Барчасп