Июл 17, 2019 20:58 Asia/Dushanbe
  • Шарҳи сабаби афзоиши қимати барқ дар Тоҷикистон

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби афзоиши қимати барқ дар ин кишварро шарҳ дод.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иллати афзоиши қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистонро аз моҳи сентябри имсол шарҳ додааст.

Назар Одиназода, муовини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, сабаби афзоиши қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба вазъи молии ширкати “Барқи Тоҷик” муртабит аст.

Вай афзуд, нархномаҳое, ки бар асоси онҳо коргоҳҳо пули барқро мепардозанд, даромади камтаре аз ҳазинаҳои ширкати “Барқи Тоҷик” дар ҷиҳати таъмини барқ ба коргоҳҳоро дорад ва аз ин рӯ қарор аст қимати нерӯи барқ дар моҳи сентябр афзоиш ёбад.

Ин мақоми Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, дастури давлати Тоҷикистон барои афзоиши қимати нерӯи барқи масрафӣ бар асоси пешниҳоди Вазорати энержӣ ва захоири об ва ширкати “Барқи Тоҷик” содир шудааст.

Давлати Тоҷикистон бо судури як дастур дар заминаи афзоиши баҳои барқ дар ин кишвар эълом кард, ки аз моҳи сентябр қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон 17 дарсад афзоиш меёбад.

 

Барчасп