Тағйироти кадрӣ дар созмонҳои низомӣ ва давлатии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45258
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо имзои фармонҳое шуморе аз мақомоти Гвардияи миллӣ ва созмонҳои давлатии ин кишварро барканор ва афроди дигаеро ба ҷои онон мансуб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 19, 2019 21:38 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар созмонҳои низомӣ ва давлатии Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо имзои фармонҳое шуморе аз мақомоти Гвардияи миллӣ ва созмонҳои давлатии ин кишварро барканор ва афроди дигаеро ба ҷои онон мансуб кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва теъдоде аз фармондеҳони воҳидҳои ин ниҳод, муовини аввал ва муовинони Агентии давлатии мубориза бо коррупсия ва ришвахорӣ, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии ҳавошиносӣ ва стандартизатсия ва Созмони зиндонҳои ин кишвар аз аз мақомашон барканор шудаанд ва афроди дигаре ҷонишини онон шудаанд.

Ҳамчунин бархе аз манобеи хабарӣ ба нақл аз генерал Мансурхон Умаров, раиси Созмони зиндонҳои  Тоҷикистон навиштаанд, ки бар асоси фармони раисҷумҳури ин кишвар, руасои зиндонҳои шумораи 1, 3 ва 6 ҳам аз симматҳояшон барканор шудаанд.