Июл 20, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон вуқӯи вайроншавӣ  дар садди нерӯгоҳи Роғунро рад кард

Раиси кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон вуқӯи ҳар навъи вайронӣ дар садди нерӯгоҳ дар дасти сохти барқӣ обии Роғунро рад кард.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс Ҷамшед Аҳмадзода гуфтааст,ки овозаҳо дар бораи вуқӯи вайронӣ дар сад дар дасти сохти 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун беасос мебошад.

Вай таъкид кардааст,ки танҳо ҳаҷми полоиши об дар маҳалли сохти ин садди ин нерӯгоҳ афзоиш ёфта,ки барои рафъи ин мушкил раванди рехтани бетон дар ду тарафи соҳили рӯдхонаи Вахш оғоз шуда ва ба зуди вазъ ба ҳоли аввалия бармегардад. Дар ҳоли ҳозир аз садд 335 метрии хокии нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун 100 метри он сохта шудааст ва дар марҳалаи нахуст бояд ин иртиқоъ ба 135 метр расонда шавад.Турбини нахусти нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар рӯзи 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид. Мақомоти  вазорати энержӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон эълом кардаанд,ки турбини дуввуми ин нерӯгоҳ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид. Нерӯгоҳи Роғун бо садди хокии335 метри ва зарфияти тавлиди 17 миллиард килавват соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ обии минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбини нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегавват барқ дар сол,Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад,ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.

Барчасп