Бозгушоии наздик ба 600 масҷид дар Тоҷикистон дар дастури кор
(last modified Thu, 25 Jul 2019 04:07:22 GMT )
Июл 25, 2019 09:07 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии наздик ба 600 масҷид дар Тоҷикистон дар дастури кор

Мақомоти Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикистон эълом карданд мавзӯи бозгушоии дубораи наздик ба 600 масҷид дар ин кишвар ба тасмими коргуруҳи вижаи ҳукуматӣ бастагӣ дорад, ки интизор меравад ба зудӣ дар ин замина эъломи назар шавад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник ин мақомот мегуянд бастани ин масҷидҳо ба далели надоштани мадракҳои сабти ном будааст ва акнун мавзӯи бозгушоии дубораи ин марказҳои ибодӣ дар дастури кори коргуруҳи вижаи давлатӣ қарор дорад.

Гуфта мешавад ин коргуруҳ, кормандони додситонии кул, Вазорати корҳои дохила, Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросим ва мақомоти маҳаллӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистонро шомил мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2017 дар Тоҷикистон 1700 масҷид баста шуда буд. Танҳо дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон дар соли 2018 фаолияти беш аз 120 масҷид мамнуъ шудааст. Дар аксари маворид бинои масҷид тағйири корбарӣ ёфта ва ба марокизи варзишӣ, коргоҳҳои дузандагӣ ва дармонгоҳҳо табдил шудаанд.

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар ба таври расмӣ 48 масҷиди марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ ва 3 ҳазору 507 масҷиди рустоӣ фаолият мекунад.