Июл 25, 2019 12:43 Asia/Dushanbe
  • Ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дар сохти неругоҳи Роғун мушорикат намекунанд

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кард, ниҳодҳои молии байналмиллалӣ дар идомаи раванди такмили сохти неругоҳи Роғун сармоягузорӣ нахоҳанд кард.

Ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолуддин Нуралиев дар нишасти хабарии масъулони ин бонк дар шаҳри Душанбе гуфтааст, сиёсатҳои ниҳодҳои молии байналмиллалӣ бо тарҳи сохти неругоҳи Роғун ҳамхонӣ надорад ва дар шароити феълӣ интизори мушорикати молии ин бонкҳо ва сандуқҳои молии байналмиллалӣ дар ин тарҳи бузурги энержии Тоҷикистон баид аст. Аз ин ру идомаи такмили сохти неругоҳи Роғун аз ҳисоби манобеи молии будҷаи ҳукумат ва фуруши саҳоми молии ин неругоҳ дар хориҷ аз Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Нуралиев дар соли 2018 барои ин манзур 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ ҳазина шудааст, ки дар соли равон ин шохис ба 4 миллиард сомонӣ хоҳад расид.

Турбини нахусти неругоҳи барқ обии Роғун дар рӯзи 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид. Мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кардаанд турбини дуввуми ин неругоҳ дар моҳи сентябри соли равон ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи барқ оби минтақааст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбини неругоҳи барқ обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.