Миёнгини маоши моҳиёна дар Тоҷикистон ҳазору 350 сомонӣ
(last modified Sat, 27 Jul 2019 04:06:31 GMT )
Июл 27, 2019 09:06 Asia/Dushanbe
  • Миёнгини маоши  моҳиёна дар Тоҷикистон ҳазору 350 сомонӣ

Муовини аввали вазири кор, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон миёнгини маоши моҳона дар ин кишварро ҳазору 350 сомонӣ ( муодили 143 доллар ) эълом кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Сангинзода таи нишасти хабарии масулони ин вазорат дар Душанбе гуфтааст миёнгини ҳуқуқи моҳиёна дар ин кишвар дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо шаш моҳи нахусти соли пеш 12 ва шаш даҳуми дар сад афзоиш ёфтааст.

Вай таъкид кардааст бештарин маоши моҳонаро коргарони санойеъи истихроҷи маъдан дарёфт мекунанд,ки 2 ҳазор ва 610 сомонӣ ( муодили 276 доллар ) аст. Ҳамчунин коргарони бахши сохтмонсозӣ 2 ҳазору 538 сомонӣ ва обу барқ 2 ҳазору 78 сомонӣ маоши моҳиёна дарёфт мекунанд.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири кор, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон поинтарин маоши моҳиёна дар ин кишвар мутаалиқ ба кишоварзон, кормандони ҷангал  мебошад,ки 539 сомонӣ ( муодили 57 доллар ) аст.