Нархи сухт; далели қиматии нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон
Раиси ожонси ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон мегуяд , далели қиматии нархи билети ҳавопаймо дар ин кишвар нархи сухти воридотӣ аст.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Икром Субҳонзода гуфтааст, дар Тоҷикистон 45 дар сад нархи билети ҳавопаймо бар асоси нархи сухти воридотӣ таъин мешавад,ки дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ қиматтар аст.
Вай таъкид кардааст сухти ҳавопаймо аз хориҷ аз Тоҷикистон аз ҷумла аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ворид мешавад,ки рӯи нархи билет таъсир мегузорад.
Ба гуфтаи Икром Субҳонзода дар Тоҷикистон имсол нархи билети ҳавопаймо дар муқоиса бо шаш моҳи нахусти соли пеш 10 то 12 дар сад коҳишёфтааст. Аммо ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кардааст,ки нархи билети ҳавопаймо таи шаш моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш дар ин кишвар наздик ба 39 дар сад афзоиш ёфтааст.
Қиматии нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон муҷиб мешавад коргарони муҳоҷири ин кишвар ба Русияро аз тариқи Узбакистон ва Қирғизистон тарҷеҳ диҳанд,ки дар муқоиса бо Тоҷикистон арзонтар мебошад.