Июл 30, 2019 17:37 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мизони қарзи бонкҳои буҳронзада дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон эълом кард, ки мизони қарзи молии бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар ба супурдагузорон як миллиарду 300 миллион сомонӣ (муодили 137 миллиону 800 ҳазор доллар) аст.

Ба гузориши сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти ин ниҳоди молӣ мегӯянд, ки вазифаи муҳими онон барқарории дубораи эътимоди мардум ба низоми бонкии ин кишвар аст, ки дар чаҳор соли ахир ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Чаҳор бонки Тоҷикистон дар пайи буҳрони молии ношӣ аз коҳиши ирсоли пул аз тарафи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия бо мушкили бозпардохти супурдаҳои муштариёни худ рӯ ба рӯ шуд, ки Бонки миллии ин кишвар маҷбур шуд, муҷаввизи фаъолияти “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”- ро лағв кунад. Ҳамчунин ду бонки бузург, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” акнун тавони бозпардохти супурдаҳои муштариёни худро надоранд ва сарнавишти ин ду ниҳоди молӣ низ мубҳам аст.

Пас аз интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши беэътимодии мардум ба бонкҳои ин кишвар дар дидор бо кормандони Вазорати молия, Кумитаи давлатии молиёт, Хадамоти давлатии гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон дар 10 майи имсол акнун мақомоти бонкии ин ҷумҳурӣ дар пайи ёфтани роҳкорҳое барои ҷазби дубораи эътимоди муштариён баромадаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки фаъолияти номатлуби бонкҳо ва муассисоти молию эътиборӣ мӯҷиб шудааст, ки эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон ба шиддат коҳиш ёбад. Вай таъкид карда буд, ки дар соли 2014, замони оғози буҳрони молӣ дар Тоҷикистон 137 муассисаи молӣ ва эътиборӣ дар ин кишвар фаъолият мекард, ки акнун аз ин теъдод фақат 79 марказ боқӣ монда ва бақия варшикаст шудаанд. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди кумаки молии ҳукумат ба ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” вазъи молии ин ду ниҳод беҳбуд наёфта, баръакс вахимтар низ шудааст.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар тавсия кардаанд, ки барои бозпардохти супурдаҳои муштариёни худ саҳмияҳои молии ин ниҳодҳоро ба марокизи молӣ бифурӯшанд.

 

Барчасп