Англия дар остонаи буҳрон; молиёти бештар ё фурӯпошии хадамоти умумӣ?
(last modified Fri, 25 Apr 2025 13:40:20 GMT )
Апрел 25, 2025 18:40 Asia/Dushanbe
  • Англия дар остонаи буҳрон; молиёти бештар ё фурӯпошии хадамоти умумӣ?

Порс-Тудей. Тозатарин оморҳои расмӣ баёнгари он аст, ки касрии буҷети давлати Англия дар поёни соли молии гузашта ба рақами нигаронкунандаи 151. 9 миллиард фунт стерлинг расидааст. Рақаме, ки на фақат яке аз болотарин сутуҳи таърихӣ ба шумор меравад, балки фишорҳои тозаеро мутаваҷҷеҳи давлати Кир Сармер барои афзоиши молиёту контроли ҳазинаҳо кардааст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, дафтари миллии омори Англия эълом кард, ки шикофи байни даромадҳову махориҷи давлат дар дувоздаҳмоҳаи мунтаҳӣ ба моҳи марти соли 2025 беш аз 20 миллиард фунт нисбат ба муддати мушобеҳи сол қабл афзоиш ёфта ва 10 дарсад болотар аз пешбинии моҳи гузаштаи Созмони барнома ва буҷа (OBR) сабт шудааст.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки давлат дар сурати идомаи ин раванд ногузир хоҳад буд ё нархи молиётҳоро афзоиш диҳад ё хадамоти умумиро коҳиш диҳад. Ҳар ду гузинае, ки метавонад ҳазинаҳои сиёсии сангине барои кабинаи Стармер ба дунбол дошта бошад. Дар ҳамин ҳол шохиси таркибии мудирони харид (PMI), ки аз муҳимтарин шохисҳои саломати иқтисодӣ дар бахши хусусӣ маҳсуб мешавад, низ раванде нигаронкунанда нишон медиҳад.

Бар асоси арзёбии муассисаи S&P Global, шохиси таркибии фаъолияти тавлидӣ ва хадамотии Англия дар моҳи апрели 2025 ба 48. 2 суқут кардааст. Ин рақам на фақат поинтар аз марзи рушд (50) аст, балки камтарин мизон дар 29 моҳи ахир ба шумор меравад ва баёнгари коҳиши фаъолияти иқтисодиву уфти эътимоди ширкатҳо ба ояндаи иқтисоди Англия аст.

 

Давлати Стармер ба дунболи манобеи молӣ; бидиҳӣ, авроқу молиёти бештар?

Оморҳо нишон медиҳад, ки буҷети ҷории давлати Англия низ ҳудуди 14 миллиард фунт бештар аз пешбиниҳо  сабт шуда ва ба 74. 6 миллиард фунт расидааст. Дар воқеъ афзоиши пардохтҳои рифоҳӣ, ҳазинаҳои хадамоти умумӣ ва баҳраи қарзҳо, фишори музоафе бар хазонадорӣ ворид кардааст. Созмони барномаву буҷаи Англия эълом кардааст, ки барои пӯшиши ҳазинаҳо, ҳаҷми интишори авроқи қарза дар соли ояндаро 5 миллиард фунт афзоиш хоҳад дод. Ин тасмим дар шароите гирифта шуда, ки нархи баҳраи авроқи 30 солаи давлатӣ ба болотарин сатҳ аз соли 1998 расидаву нигарониҳое дар бораи пойдории таъмини молии давлат эҷод кардааст.

Дар ҳамин ҳол, додаҳои мунташиршуда аз сӯи муассисаи S&P Global ҳокӣ аст, ки фурӯши содиротии бахши тавлидии Англия бо сареътарин суръат аз буҳрони молии соли 2009 (ба истиснои даврони корона) коҳиш ёфтааст. Ин коҳиш умдатан ношӣ аз уфти тақозо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ташдиди танишҳои тиҷорӣ, ба вижа дар сояи таърифаҳои тозаи Амрико алайҳи колоҳои англисӣ унвон шудааст.

Сандуқи Байналмилалии Пул низ дар ҷадидтарин гузориши худ пешбинии рушди иқтисодии Англия дар соли 2025-ро аз 1. 6 ба 1. 1 дарсад коҳиш дода ва ин кишварро аз авомили муассир дар афзоиши бидеҳии ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст. Дар маҷмуъ давлати Англия дар сояи афзоиши ногаҳонии касрии буҷет ва коҳиши шадиди фаъолияти бахши хусусӣ бо озмуни душворе рӯ ба рӯ аст. Агарчӣ Рейчел Ривз, вазири дороии Англия талош карда бо ислоҳоте чун афзоиши саҳми корфармоён дар бимаи миллӣ ва бозбинии ҳазинаҳои умумӣ, масири коҳиши бидеҳиро ҳамвор кунад, аммо коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки фазои манёври молии давлат бисёр маҳдуд аст.

Аз сӯи дигар, фишорҳо барои афзоиши молиёт ё коҳиши хадамоти умумӣ дар замоне, ки таварруми боло ва рукуди иқтисодӣ дар ҳоли таъмиқ аст, метавонад маҳбубияти давлатро ба таври чашмгире таҳти таъсир қарор диҳад. Таҳлилгарон муътақиданд, агар давлат дар маҳори касрӣ ва бозгардондани рушди иқтисодӣ ноком бимонад, мумкин аст бо буҳрони машруияту чолиши сиёсии густардатаре мувоҷеҳ шавад.