Guardian: Аждаҳои Маск - Трамп балои равобити Аврупо бо Амрико хоҳад шуд
(last modified Sun, 12 Jan 2025 14:35:09 GMT )
Январ 12, 2025 19:35 Asia/Dushanbe
  • Guardian: Аждаҳои Маск - Трамп балои равобити Аврупо бо Амрико хоҳад шуд

Порс тудей - Таҳлилгари рӯзномаи англисии « Guardian» (Гардиан), завҷи Илон Маск ва Доналд Трампро ҳамчун аждаҳои дусаре баршумурд, ки як вайронии дипломатиро дар равобити Вашингтону муттаҳидони он ба бор хоҳанд овард.

Julian Burger, таҳлилгари рӯзномаи «Гардиан» дар гузорише хотирнишон кард: Аврупо аз замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябри Амрико, худашро барои чолиши ношӣ аз бозгашти Доналд Трамп омода мекарда, аммо баназар мерасад, таҳдиди Трамп барои суботи Аврупо зудтар аз ончӣ тасаввур мешуд ва ҳатто ҷаддитар аз пешбинии нозирони бадбин матраҳ шудааст.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИСНА, Burger дар ин гузориш бо ишора ба ҳимоятҳои Илон Маск, миллиардери амрикоӣ ва муттаҳиди Трамп аз аҳзоби рости ифротӣ дар Аврупо менависадбу: Пойтахтҳои аврупоӣ ҳоло дар як вазъияти буғранҷ аз бобати баррасии чигунагии посухи худ ба Трамп гирифтор шудаанд. Онҳо ҳам мехоҳанд, ки хашмашонро аз мудохилаи ошкори Илон Маск ба нафъи ифротгароён иброз карда ва ҳам аз инки ҳадафи гилаву шикоятҳои шахсии Трампу Маск қарор бигиранд, нигарон ҳастанд.

Burger дар идома ба баландпарвозиҳои арзии Трамп, аз ҷумла талош барои илҳоқи Гренландия ба Амрико ишора ва хотирнишон мекунад: Дания аз аъзои НАТО ба далели инки Трамп қасдаш барои тасоҳуби Гренландия ва таҳдидаш ба вазъи тарофаҳо дар сӯрати мухолифат бо ин илҳоқро эълом карда, ҳоло ворид як буҳрони сиёсӣ шудааст. Давлати Дания зимни баргузории анбуҳе аз ҷаласоти изтирорӣ бо подшоҳу раҳбарони Гренландия эҳтиёти зиёде дар баёни посухҳояш ба харҷ додааст.

Ин таҳлилгари англисӣ ҳамчунин бар нигаронии муттаҳидони Амрико аз табаоти раёсатҷумҳурии Доналд Трамп фаротар аз ҳавзаи тиҷорат барои амнияти Аврупо ва Украина таъкид карда ва навиштааст, ки раҳбарони Аврупо ҳоло бар ин боваранд, ки бо рӯи кор омадани Трамп ҷанги Украина вориди марҳала ҷадиде мешавад, ки дар он бояд барои ҷалби афкору назари мусбати Трамп ба тадовуми ирсоли таслеҳот ба Украина, мубориза кунанд.

Дар поёни ин гузориш, нависанда ба нақл аз Элизабет Броу, коршиноси аршади Шӯрои Атлантик навиштааст: «Агар нагуям ғамангез, аммо музҳик аст, ки вақте мо фикр кардем абзорҳоямонро барои костан аз риски мудохила аз ҷониби Русия, Чин ва Эрон ба кор гирифтаем, аммо ҳоло ҳадафи оташи як омили худӣ қарор мегирем!»