Август 03, 2019 08:55 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон баробар бо 35 дар сади тавлиди нохолиси миллӣ

Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардаанд сақфи қарзи хориҷии ин кишвар таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 35 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ расидааст.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон таи нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар Душанбе гуфтаанд,ки мизони қарзи хориҷии ин кишвар таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 2 миллиард ва 900 миллион расида,ки баробар бо 35 дар сад аз тавлиди нохолиси миллӣ будааст. Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад бештари кумакҳои беивази хориҷиро барои рушди иқтисоди ин кишвар ҷазб кунад ва аз дарёфти вомҳои бештари моллӣ ба манзури афзоиши сақфи қарзи хориҷӣ худдорӣ намояд.

Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё ва Бонки Ҷаҳонӣ барои ихтисоси кумакҳои беивази ин ду ниҳоди моллӣ дар ояндаи наздик ба тавофуқ расидаанд.

Масулони Вазорати молияи Тоҷикистон муътақиданд бо вуҷуди қарзҳои хориҷии 48 дар садии ин Ҷумҳурӣ ба Чин,,Пекин ҳамчунон бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди ин кишвар боқӣ хоҳад монд.

Бо кумакҳои молии Чин дар Тоҷикистон  чандин корхона тавлиди симонт сохта шудааст ва дар истихроҷи маъдан низ саҳми  Бонк воридот ва содироти ин кишвар арзишманд мебошад.

Ҳамчунин Чин барои бозсозии роҳи Бохтар ба Кулоб ва сохти муҷтамаъи нави биноҳои Ҳукумат ва маҷлиси Тоҷикистон монобеъи молии беиваз дар ихтиёри Душанбе қарор додааст.