Тоҷикистон як ваҷаб аз замини худро ба касе нахоҳад дод
Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст,ки Тоҷикистон дар баҳси аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Қирғизистон ҳатто аз як ваҷаб замини хеш нахоҳад гузашт.
Ба нақл аз сомонаи Раёсати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода таи нишасти хабарии ин вилоят бо хабарнигорон дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст,ки мо ҷонибдори муносибатҳои дӯстона ва эҳтироми мутақобил бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Қирғизистон ҳастем. Аммо ин ҳусни ният ба маънии вогузор кардани қааламрави Тоҷикистон ба дигарон нест. Аз ин рӯ бояд аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асоси тавофуқи мавриди пазириши мақомоти ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд анҷом шавад.
Ба гуфтаи вай,агар дар оянда атбоъи Қирғизистон дар минтақаҳои марзии мавриди ихтилофи ду кишвар ба иқдомҳои худсарона даст бизананд,бо вокуниши нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Дар паи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофҳои марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон ба далели афзоиши ҷамъият ва кам будани заминҳои кишт дар минтақаҳои куҳистонӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд сокинони рӯстоҳои ҷудоафтода аз ноҳияҳои Исфара ва Ботканд ба баҳонаҳои мухталиф аз ҷумла истифода аз роҳҳои иртиботӣ, чарогоҳҳо ва манобеъи об ба бастани роҳҳои иртиботӣ даст мезананд,ки муҷиби муташаниҷ шудани авзоъ мешавад.
Дидорҳои ахири раисони ҷумҳарии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара ва шаҳри Чулбон Ата метавонад нақши муҳиме дар эътимодсозӣ миёни сокинони минтақаҳои марзии мавриди ихтилофи ин ду кишвар дошта бошад ва раванди аломатгузории марзи муштараки ин ду Ҷумҳурии ҳамсояро тасриъ кунад.