Август 03, 2019 13:39 Asia/Dushanbe
  • Тавсиъаи ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон

Дар дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо Абдулғафорзода, раиси Созмони гардишгарии Тоҷикистон,тавсиъаи гардишгарӣ миёни ду кишвар меҳвари гуфтугӯ қарор гирифт.

Ба нақл аз ИРНА Нюз, дар ин дидор Абдулғафорзода раиси Созмони гардишгарии Тоҷикистон,бо ишора ба иштирокот ва пайвандҳои фаровони Эрон ва Тоҷикистон, хостори густариши беш аз пеши муносибатҳои тарафайн аз ҷумла дар ҳавзаи гардишгарӣ шуд.

Вай хостори ҳузури фаъол ва ҳарчи бештари ширкатҳои гардишгарии эронӣ дар Тоҷикистон шуд ва ҳамчунин аз ҳузури гардишгарони эронӣ, истиқбол кард.

Дар ин дидор  Муҳаммад Тақӣ Собирӣ ҳам бо таъкид бар аҳамияти густариши робитаҳои гардишгарии ду кишвар изҳор дошт ; Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ ва низ санойеъи дастӣ иштирокоти фаровоне доранд ва дар  заминаи тавсиъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ин арса омодагӣ дорем. Сафири Эрон дар Тоҷикистон, тақвияти гардишгарии саломат, баргузории ҳафтаи санойеъи дастии Эрон дар шаҳрҳои пурҷамъияти Тоҷикистон, тасҳили ҳузури фаъолони бахши хусусии гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмиллалии Эрон ва тақвияти ҳамкориҳои омӯзишӣ ба манзури иртиқои манбаъҳои инсонии ин ҳавзаро дар тавсиъа ва тақвияти муносибатҳои гардишгарии ду кишвар муҳим донист.

Собирӣ бо ишора ба дидорҳои ахири миёни мақомоти олии ду кишвар, бар зарурати густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон ба вижа дар ҳавзаи ҳамкориҳои гардишгарӣ таъкид  ва омодагии Эронро ҷиҳати тақвияти муносибатҳо бо кишвари ҳам дин,ҳам фарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон эълом кард. Тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ аз ҷумла баргузории ҷашни наврӯз ба унвони мероси муштарак ва ҳамчунин тасҳили сафари ҳайатҳои гардишгарӣ ба манзури ошноӣ бо зарфиятҳои гардишгарии ду кишвар аз ҷумлаи дигар мавориде буд,ки мавриди таъкиди тарафайн қарор гирифт.

Барчасп