Август 05, 2019 11:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷурму ҷиноят дар миёни занон дар Тоҷикистон

Раиси кумитаи давлатии умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон аз афзоиши ҷурм ва ҷиноятҳо дар миёни занони ин кишвар ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба нақл аз Топ Ти Ҷи, Марҳабо Олимӣ гуфтааст,ки дар шаш моҳи нахусти имсол занон дар ин кишвар муртакиби ҳазору 200 маврид ҷурм шудаанд,ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 300 маврид бештар аст.

Вай қатл,қочоқи маводи мухадир биребкориро аз ин ҷурмҳо эълом карда ва гуфтааст дар  зиндони занони шаҳри Норк ҳам акнун беш аз 300 зан давраи маҳкумияти худро мегузаронанд,ки кормандони кумитаи давлатии умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон ҳар сол ду бор шароити нигаҳдории ононро дар ин зиндон баррасӣ мекунанд.

Олимӣ афзуд; бар асоси омори расмӣ дар зиндонҳои Русия 90 зани тоҷик, дар Сурия ва Ироқ 48 нафар ва дар туркия ва Чин 20 зани тоҷикистонӣ давраи маҳкумияти худро сипарӣ мекунанд.

Ба гуфтаи раиси кумитаи давлатии умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон, ғайр аз заноне,ки дар Сурия ва Ироқ зиндонӣ ҳастанд, ҷурми бештари занони тоҷикистониӣ зиндонӣ дар дигар кишварҳо қатл ва қочоқи маводи мухадир аст.

Олимӣ таъкид кард; заноне,ки дар Сурия ва Ироқ ба зиндон маҳкум шудаанд, айбдор нестанд,зеро онон ба дастури ҳамсаронашон,ки таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифта буданд, ба ин ду кишвари арабӣ рафтаанд ва бояд ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон бозгардонда шаванд.

Коршиносон вуҷуди бекорӣ, фақр ва низоъҳои хонаводагиро аз муҳимтарин амилҳои афзоиши ҷурм ва ҷиноятҳо дар миёни занони Тоҷикистон медонанд.

Барчасп